ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қиммати фурӯши гази моеъ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба таври бесобиқа тағйир ёфтааст.
Назар ба моҳи июн, ки замони қарантинаи "вируси корона" ба ҳисоб мерафт ва гаштугузори шумори мошинҳо ҳам дар ҷодаҳои кишвар коҳиш ёфта буд, арзиши як литр гази моеъ аз 2, 6 - 2, 8 сомонӣ, ҳоло якбора ба 3, 5 - 3, 8 сомонӣ дакка хурдааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи аксар ронандаҳои мусофиркаш, чунин болоравии нархи ин навъ маводи сӯхт дар замони қабл аз хуруҷи бемории коронавирус ҳам дида намешуд.
"Дар моҳҳои март ва апрел нархи газ ҳамагӣ 3 сомонӣ буд, ҳоло аз он замон дида, қариб 1 сомонӣ ба ҳар литр изофа шудааст. Албатта ин ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад”, - гуфт Суҳроб як ронандаи таксӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Масъулони таъмингоҳҳои сӯзишворӣ аз суҳбат дар бораи болоравии нархи газ худдорӣ меварзанд. Аммо аксар соҳибназарон, болоравии нархи ин навъ маводи сухтро ба хатми қарантинаи хонагӣ ва зиёд шудани гаштугузори мошинҳо шарҳ медиҳанд.
"Вақте, ки сокинон барои пешгирӣ аз паҳни пандемияи COVID – 19 дар хона монданд ва гаштугузори мошинҳо ҳам кам дида мешуд, арзиши нархи газ қариб то 50 % коҳиш ёфта 2, 5 сомонӣ шуд, вале ҳоло, ки мошинҳо зиёд ба кӯчаҳо баромадаанд ва талабот ба хариди маҳсулот зиёд шудааст, аз ин хотир нархи газро боло бурдаанд. Аммо дар шароити камбуди маош чунин гароншавиҳо ба вазъи иқтисоди хонаводагии сокинон таъсир мерасонад",- зикр намуд, коршинос Умар Собиров.
Дар шароити кунунӣ аксар воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ба гуфтаи ронандаҳо ин ба вазъи иқтисодии онҳо бастагӣ дошта, чунин маводи сӯхт назар ба бензин қариб як маротиба арзонтар ба ҳисоб меравад. Ва аз миёни бензин ва дизел якбора ҷаҳиш ёфтани нархи гази моеъ ҳам аз ҳамин лиҳоз гуфта мешавад.
Кишвари Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизелро аз хориҷа, умдатан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.
Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.
"Фароз”, “Газойл”, “Газпром”, “Роҳи Сомон” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.