Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Беш аз 700 муҳоҷири дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда ба Тоҷикистон баргаштанд

© Пресс-служба МОМТаджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана
Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Мавҷи сеюми муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, тақрибан 700 нафар, аз ҷумла 41 кӯдакро фаро гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Созмони байналмилалии муҳоҷират.

Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия гуфт маҳдудиятҳо дар парвозҳои байналмилалӣ то моҳи август идома хоҳад ёфт

Манбаъ қайд кардааст, ки ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.

Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард. ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар бозгашти кӯдакон ба хонаҳояшон кӯмак расонид.

Министр труда Таджикистана Джабборзода Гулру - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

Бояд қайд кард, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват намудааст, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

Лентаи хабарҳо
0