ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар канали Чузӣ як сокини 26 - солаи деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав ғарқ шудаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, марҳум ба хотири нӯшидани об ба канал фаромадаст, аммо мувозинати худро нигоҳ дошта натавонист ва ба об сарозер шудаст.
Наздикони ин ҷавон изҳор доштаанд, ки номбурда гирифтори бемории рӯҳӣ будааст.
Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Шаҳринав афсарони бахш ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи ғарқшуда афтода, соати 22:22 дақиқа ҷасадро дар мавзеъи тахминан 500 метр дуртар аз маҳалле, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба наздиконаш супурданд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ сар аз авоили сол то 19 - уми июн теъдоди ғарқшудаҳо дар кӯлу дарёҳоро 28 нафар арзёбӣ намуд.
Аз миёни 28 нафари ғарқшуда, 9 нафарашон аз 16 - сола поён мебошанд.