Ҳамсарро кушту хушдоманро захмӣ кард: додгоҳи Хатлон ҳукми Рамазони 27 соларо содир намуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПриветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти хатлон ҳукми Ғуломов Рамазонро,  ки дар куштори ҳамсар ва захмӣ кардани модарарӯсаш муттаҳам мешуд,  содир кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ғуломов Рамазон бо ҷурми одамкушӣ ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 19 сол равонаи зиндони дорои низоми сахт шудааст.

Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Ишқи ноком: ҷузъиёти қатли ошиқ ва ҳукми зиндони падари Дилафрӯз

Ба иттилои манбаъ, Ғуломов Рамазон сокини шаҳри Норак,  Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳаллаи Тутқавул сана 25 марти  соли ҷорӣ  дар заминаи муноқишаи оилавӣ соатҳои тахминан 15:20 даққиқа дар нишонии шаҳри Норак, кӯчаи Бародарон, бинои №24, ҳуҷраи №7, ҳамсараш Нозирова Шаҳноза Тағоймуродовнаро нӯҳ маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш бо корд задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи зарбаҳои корд бардоштааш Нозирова Шаҳноза ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, сипас бо мақсади куштори модарарӯсаш Ғоибназарова Асият, ки  онҷо ҳузур доштааст ба шикам ва дасти рости ӯ бо корд задааст, аммо бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда куштори модарарӯсашро ба анҷом расонида наметавонад.

Лентаи хабарҳо
0