Марзҳои баста дар даврони вирус монеа нашуд: гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон афзоиш ёфт

Обуна шудан
Аз оғози имсол то кунун гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, аз моҳи январ то майи соли равон гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 871 миллион доллар буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 миллион доллар бештар будааст.

Сотрудницы предприятия по переработке плодовоовощной продукции - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши мол дар Тоҷикистон 15 дар сад афзоиш ёфт

Аз январ то моҳи май Тоҷикистон маҳсулоте ба арзиши ҳудуди 558 миллион доллар содир кард, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 74 дарсад, муодили 238 миллион доллар бештар аст.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 108 кишвари ҷаҳон равобити тиҷорӣ дошт.

Бештари маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содир шуд.

Сангҳо ва филизоти гаронбаҳо ва нимақиматӣ, маҳсулоти маъданӣ (семент, сангҳои гаронбаҳо, ангиштсанг, барқ), маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти он, филизоти поя ва маҳсулоти ҳосил аз онҳо аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон будааст.

Доллар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар 5 моҳ бо СҲШ ба арзиши беш аз $1 млрд. гардиши мол анҷом додааст

Ҳамчунин дар ин муддат як миллиарду 273 миллион доллар коло ба Тоҷикистон ворид шуд, ки 2 дарсад (муодили 29 миллион доллар) камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта буд.

Маҳсулоти маъданӣ, фаровардаҳои нассоҷӣ, маҳсулоти кимиёӣ, фаровардаҳои ғизоӣ, филизоти поя ва филизот, маҳсулоти гиёҳӣ аз ҷумлаи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон будааст.

Русия (гардиши молии тиҷорати дуҷониба 420 миллион доллар) , Қазоқистон (391 миллион доллар) , Швейтсария (306 миллион доллар), Чин (189 миллион доллар), Туркия ( 140 миллион доллар) ва Ӯзбекистон (116 миллион доллар) шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра буданд.

Лентаи хабарҳо
0