ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти порлумонӣ гуфт, касри буҷети ҳукумат ба далели афзоиши ҳазинаҳои вируси корона дар соли ҷорӣ ба ҳудуди се миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “Парстудей”.
Бино бар иттилои манбаъ, аз ин ру дар соли ҷорӣ илова бар ҳазинаи бахшҳои иҷтимоӣ, манобеи молии сандуқи бознишастагӣ ва ҳуқуқу дастмуздҳои кормандон ба маблағи як миллиарду 822 сомонӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, бахши даромадии бюджети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 ба мизони 20 миллиарду 349 миллион сомонӣ таъин шуда буд.
Ҳамчунин коҳиши маблағгузорӣ барои нақшаҳои зербиноӣ ба мизони 977 миллион сомонӣ ва буҷети созмонҳои давлатӣ ба мизони 81 миллион сомонӣ дар назар мебошад.
Аммо барои ҳимоят аз кодри дармонии Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона ва идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ илова манобеи қаблии таъин шуда дар бюджети ҳукумати Тоҷикистон як миллиарду 900 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.