ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Шамил Шамсутдинов, раиси комиссияи қитъаи интихоботии №8278 – и Комиссияи маркази интихоботии Федератсияи Русия, ки дар сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон мустақар аст, ба хабарнигорон гуфт, ки раъйгирӣ ба таври ҷиддӣ ва бо ширкати фаъоли раъйдиҳандагон идома дорад.
“Дар остонаи рӯзи раъйгирӣ ҳамватанон мо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, бисёр фаъолона бо мо тамос гирифта, суолҳои худро матраҳ карданд. Бо вуҷуди ҳавои гарм, шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон бисёр фаъол ҳастанд. Танҳо мавриде, ки бояд дар назар гирифта шавад, тавсияҳои “Роспотребнадзор” – идораи беҳдошти Русия - дар мавриди меъёрҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологии муртабит бо пандемияи “вируси корона” аст”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Тибқи талаботи беҳдоштӣ ва эпидемиологие, ки аз сӯи “Роспотребнадзор” ва Комиссияи маркази интихоботии Русия ҷорӣ шудааст, ҳарорати бадани ҳар як шаҳрванди барои раъйгирӣ омада аз фосила баррасӣ ва барои муҳофизати ӯ ва дигарон ниқобу дасткаш дода мешавад.
Ҳамчунин бо риояи фосила ба дохили утоқи раъйгирӣ меравад ва раъй медиҳад.
“Албатта, ин амр нақши худро дар раъйгирӣ ба ҷо хоҳад гузошт. Бар ин асос, ман метарсам, ки эҳтимолан наметавонем ҳамаро бипазирем. Саломатии шаҳрвандон беш аз ҳама аҳамият дорад” - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Бо тавсияи “Роспотребнадзор” ин дафъа раъйгирии қабл аз вақт ҳам сурат гирифт. Дар Тоҷикистон низ аз ин ҳақ истифода карданд. Кормандони муассисоти хориҷии Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, аъзои хонаводаи онҳо ва низомиёни Русия аз 25 то 29 июл раъй доданд.
Раъйпурсии умумирусиягӣ дар мавриди ислоҳот дар Қонуни асосии Федератсияи Русия барои 22 апрел барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели бемории ҳамагири “вируси корона” дар кишвар ба таъвиқ афтод.
Баъдан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармони таърихи нави раъйгириро барои 1 июл имзо кард. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ ва эминии ҷамъият тасмим гирифта шуд, ки мардуми Русия битавонанд дар кулли ҳафта - аз 25 июн то 1 июл - раъй диҳанд.
Дар Тоҷикистон 6 қитъаи интихоботӣ - 3 қитъа дар Душанбе (як қитъа дар сафорат ва дуи дигар дар қаламрави пойгоҳи низомии 201) ва якқитъаӣ дар Бохтар, Норак ва Хуҷанд амал мекунанд.