Кордкашии гуруҳии маргбори ҷавонон дар Душанбе

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати дигари кордкашии ҷавонон хабар додааст, ки дар натиҷа ҷавони 22-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, муттаҳамон дар кордкашии маргбор ду сокини ҷавони шаҳри Душанбе мебошанд.

Колледж в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Манбаъ афзуд, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавонони 19 ва 20-сола, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд. 

"Номбурдагон, санаи 29-уми июни соли 2020, тахминан соатҳои 22:40-дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ қарор доштанашон бо ҷавони 22-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пойи ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки айни замон гумонбаршавандагон дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0