Дастгоҳи раисиҷумҳур гуфт, кай вазирону раисҳо бо рӯзноманигорон мулоқот мекунанд

Обуна шудан
Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумуҳури Тоҷикистон нақшаи нишастҳои навбатии матбуотӣ бо ҳузури роҳбарони идораҳои давлатиро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи нақшаи мазкур нишастҳои матбуотии навбатӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо 13 июл оғоз гардида, то 31 июли соли ҷорӣ идома хоҳанд дошт.

Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза дар сомонаи ожонси мазкур сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.
Ин пойгоҳи расмии хабарӣ аз масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, даъват намудааст, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо “Ховар” мувофиқа кунанд.

Нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури роҳбарони идораҳои давлатӣ ҳар шашмоҳа бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0