Бархӯрди "Опел" бо мотороллер як куштаю ду маҷруҳ барҷой гузошт

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори "Опел" бо мотороллери боркаш дар шаҳри Хуҷанд хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа рух додаст.

Дезинфекция в помещении в рамках мер по профилактике коронавирусной инфекции. - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Ҷалолов Ҷӯрабой Ҷумъабоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди кӯчаи Гагарини маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мотороллери сечархаи бордор, таҳти идораи ронанда, Усмонов Маъруфхуҷа Умарович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст", - омадааст дар иттилоия. 

Дар натиҷа ронандаи мотороллер, Усмонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуд, ки мусофирони дигари мотороллер Усмонова Насиба Тошпулотовна, соли таваллудаш 1983 ва Ғафурова Шаҳноза Валиҷоновна, соли таваллудаш 1987, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0