Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Белорус Александр Лукашенко ёдгории аскари советиро дар шаҳри Ржеви вилояти Твер ботантана ифтитоҳ карданд.
Раисҷумҳурон дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд ва хотири қурбониёнро бо лаҳзаи хомӯшӣ шод карданд.
"Ёдгории Ржев - боз як намоди хотираи ҳамаи мост. Намоди таъзим дар назди бузургон ва фидокориҳои аскари қаҳрамон, наҷотдиҳанда, пирӯз ва аскаре, ки тамоми Аврупо ва ҷаҳонро аз натсизм озод кард, мебошад", - гуфт Путин вақти суханронӣ.
Вай афзуд, ки вақт ҳокими чунин қаҳрамониҳои аскарони сурх нест ва хотири онҳо ҷовидонист.
Лукашенко дар баромадаш қайд кард, ки то замоне одамон ба назди ёдгориҳо мераванд, онҳо ҷанги хонумонсӯзро фаромӯш нахоҳанд кард.
Ҳамчунин, Путин ва Лукашенко дар аксияи байналмилалии "Боғи хотира" иштирок карда, ба хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дарахт шинониданд.