Дар Самарқанд кӯдаке бо ду сар таваллуд шуд: пизишкон дар ҳайратанд - навор

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНоворожденный ребенок.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар яке аз беморхонаҳои Ӯзбекистон кӯдаке бо ду сар таваллуд шуд, ки пизишкон дугонаи сиомӣ ё ба ҳам часпида гуфтаанд. Дар ин бора телевизиони STV Ӯзбекистон гузориш омода кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд, хабар медиҳад телевизиони STV Ӯзбекистон.

Пизишкон гуфтаанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Ба гуфтаи пизишки ӯзбекистонӣ Фаровон Самиев, феълан дугоникҳо дар шӯъбаи муроқибатҳои вижа барои навзодон табобат мегиранд.

Ба гуфтаи пизишкон, феълан вазъи кӯдакон вазнин аст.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см будааст.

Лентаи хабарҳо
0