ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, таҷамми эътирозии алайҳи қонуни назорат бар фазои маҷозӣ дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин таҷаммуъ беш аз ҳазор нафар иштирок намудааст ва аз Сооронбай Жээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон хостори тасвиб накардани ин қонун шуданд.
Таҷаммуъгарон ба ғайр аз қонуни мазкур аз фаъолияти порлумони феълӣ низ норозигӣ баён карданд.
Ба ақидаи эътирозгарон намояндагони порлумон талош барои дифо аз манофеи миллӣ намекунанду баракс иқдом ба тасвиби қавонини зидди мардумӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, мақомот ба сокинони шаҳри Бишкек бо ишора ба густариши вируси корона иҷозаи баргузории ин таҷаммуъро надода буд, аммо ширкаткунандагон бо риояти усули беҳдошти, монанди истифода аз ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ эътирози худро баён карданд.
Қонун дар бораи пурзӯр кардани назорати интернет аз ҷониби вакилони парлумони Қирғизистон Гулшод Аслабойова ворид карда шуд, ки онро парлумон дар қироатҳои якум, дуюм ва сеюм дастгирӣ карда, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои имзо мунтақил шуд.
Ба назари намояндагони порлумон қонуни мазкур ба тақвияти амнияти иттилоот кӯмак мекунад, чароки густариши паёмҳои козиб дар фазои маҷозӣ табдил ба таҳдиди ҷидди шудааст.
Мухолифони ин қонун аз талоши давлат барои мубориза бо оппозитсия ва ташдиди беш аз ҳадди фазои маҷозӣ хабар медиҳанд.