ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлонт дар 6 моҳи соли равон аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 19 вагон пиёз бо вазни 1140 тонна, 1 вагон сабзӣ бо вазни 49 тонна ба Қазоқистон ва Русия ва 8 вагон семент бо вазни 544 тонна ба Ӯзбекистон содирот шудааст.
Дилшод Шафизода, муовини сардори Хадамоти боркашонии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир содироти маҳсулоти киршоварзӣ идома дорад.
Вай афзуд бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони вилоят ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон — Амузанг, ҳамасола КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагонро пешниҳод мекунад.
Ҳамчунин, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг тавассути нимвагон 60 дарсад, вагони болопӯш 40 дарсад ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда аз ҳамаи истгоҳҳои вилоят 60 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст.
Дар ин баробар, барои ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои ҳама намуди борҳои аз минтақаи Хатлон содиршаванда ва ҳам ба минтақаи Хатлон воридшаванда 40 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст.
Гуфта шудааст, ки "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои зиёд намудани содироту воридоти ҳама намуди борҳо аз минтақаи Хатлон ва ҳамчунин, ба минтақаи Хатлон бо роҳи оҳани дигар давлатҳо як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом дода, дар натиҷа як қатор сабукиҳо пешниҳод шудаанд.
Аз ҷумла, барои интиқоли борҳои транзитие, ки тавассути қаламрави Ӯзбекистон мегузаранд, барои ҳама намуди бор дар вагонҳои инвентарӣ 40 дарсад ва дар вагонҳои шахсӣ 35 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст.
“Хуб мешуд, ки шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ аз сабукиҳои додашудаи роҳи оҳани Тоҷикистон истифода менамуданд”, - зикр намуд Дилшод Шафизода.
Манбаъ зикр намудааст, ки бо ин мақсад кишоварзону саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят аз истгоҳҳои Бохтар, Ёвон, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара ва Кӯлоб бе мушкилӣ барои воридоту содироти маҳсулот метавонанд истифода баранд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон минбаъд низ барои ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.