ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар Instagram дар бораи зиндагӣ, нақши инсон дар ҳаёт ва худшиносӣ гуфт.
"Ман бар он андешаам, ки инсон будан ва якранг мондан неъматест беарзиш. Чун аз рӯзи шинохти хеш то ба охирин нафас рисолату нақши инсониро дар саҳнаи умр иҷро кардан мансуби ҳар кас нест. Ман то ҳол толибам дар дарбори худшиносӣ ва ҳар гоҳе аз худу ҳар кас чизеро таҷриба мекунаму меомӯзам. Бадиро барои қиёс, хубиро барои имтиёз! Номе, ки барои мо гузошта то охир бо мост, аммо номи одами меҳмон аст, касеро як бор аёдат мекунаду касеро то охир сокини умраш мегардад", - навиштааст Шабнам.
Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео
Дар идома сароянда гуфтааст, ки барои ӯ на зару зевар, балкӣ инсон будан ва номи накӣ доштан муҳим ва дар мадди аввал аст.
Назаров дар бораи самимияти Шабнам, меҳмоннавозии Зикриаллоҳ ва ягона генийи Тоҷикистон
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
"Барои ман муҳимтарин дороӣ номи инсонӣ, ки ба некӣ ҳамеша бар забон фармоянд халоиқ! На шуҳрату зар, на зебоиву маком, балки номи ОДАМӢ!", - навиштааст Шабнам ва аз ҳамвандонаш суол кардааст, ки то чӣ андоза онҳо ба ин ҳадаф наздик омадаанд ва хоҳиш кардааст, ки анндешаҳои худро дар сатри назарпурсӣ нависанд.