ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Русия метавонад аз вазъи ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 бо камтарин талафот барояд, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин.
"Он корҳое, ки чанд соли охир аз ҷониби ҳукумат барои иқтисоди кишвар анҷом дода шуд, имкон медиҳад, умед бандем, ки аз вазъи ҳамагирии имрӯза бо камтарин талафот мебароем", - гуфт Владимир Путин дар шабакаи "Россия 1".
"Ман фикр мекунам, ки Русия ҳама чизро таҳаммул мекунад ва ба хубӣ аз ҳама гуна ҳодиса мебарояд", - қайд кард кишвардор.
Раҳбари давлат ёдоварӣ кард, ки кишвар солҳои 90-ум на ба хотири ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ кумаки башардӯстона мегирифт "балки чун қашоқтарин кишвар, то аз гушнагӣ намирад".
Президент илова кард, ки ҳамон замон ҳам маош пардохт намешуд ва мардум моҳҳо бепул буданд.
Дар баробари ин Путин гуфт, аз соли 1999 то 2019 ММД ду баробар афзуд.
Президенти Русия қайд кард, ки барои дастгирии мардум ва соҳаи иқтисод имрӯзҳо аз захираҳо истифода хоҳад шуд.