ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сарояндаи шӯҳратёри Тоҷикистон Нигина Амонқулова дар саҳифааш дар Instagram акси ҷадид нашр карда, дар ҳзери он шарҳи насиҳатомез навиштааст.
Ӯ ба ҳамвандонаш маслиҳат додааст, ки ҳар дақиқаи умри худро ғанимат донанд ва ҳар як лаҳзаро ба фоида худ гузаронанд.
"Интизор нашавед, кай донишгоҳро хатм мекунеду кай фарзанддор мешавед. Бас ҳаст интизории кор, арӯсӣ ва ҷудошавӣ, бознишастагӣ, шом ва рӯзи ҷумъа, хариди хонаи нав ё мошини ҷадид. Гузашти фаслҳои сол - тобистон, тирамоҳ, зимистон ва баҳорро интизор нашавед, дақиқаҳои хушбахтӣ бебаҳоянд", - навиштааст сароянда.
Дар идома Нигина Амонқулова таъкид кардааст, ки инсон набояд танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ кор кунад ва ҳамвандонашро аз "иштибоҳи бузургтарин" дар зиндагӣ, огоҳ кардааст.
"Натанҳо ба хотири дарёфти пул кор кунед, на ба хотири ҷудошавӣ дӯст доред, рақс кунед ва ба ҳеҷ кас аҳамият надиҳед, аз ҳама иштибоҳи бузурге, ки шумо мекунед - ин тамоми умр аз паси мақсад рафтан ва гузашти замонро сарфи назар кардан аст", - навиштааст Нигина ва афзудааст, барои анҷоми кори боарзиш, набояд дар соҳил истод, балки дохили об шуд ва ба қадри тавоноӣ шино кард.