Амрико талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсонро нокофӣ хонд

© Sputnik / Амир ИсаевФлаги Таджикистана и США
Флаги Таджикистана и США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузорише талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо қочоқи инсонро нокофӣ арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар гузориш Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид шудааст, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон 53 нафар қурбонии фаолияти гурӯҳҳои қочоқи инсон шудаанд ва 18 парванда дар ин иртибот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Госдепартамент США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Кумитаи дин ба гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин гузориш ҳамчунин қайд карда шудааст, ки аз миёни 18 гумонбар ба қочоқи инсон дар додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2019  чаҳор корманди як ширкати корёбӣ ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандони ин кишвар ва интиқоли онон ба Арабистони саудӣ ба панҷ то ҳашт сол зиндон маҳкум шудаанд, ки баъдан ҳукми онон коҳиш дода шуд.

Дар ин гузориш ба вуҷуди фасоди молӣ ва порахурӣ дар ниҳодҳои масъули марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ишора шудааст, ки муҷиби интиқоли шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ мешавад ва талош барои мубориза бо падидаи қочоқи инсонро зери савол мебарад.

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориш гуфтааст, ки дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат тамомии шикоятҳо дар бораи қочоқи инсон бо ҷиддият ва қотеъона мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0