Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои вакил Холиқзода бо сабаби гирифтани мансаби нав

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ваколатҳои вакил Холиқзода Ҳоким Ҳикматуллоро пеш аз муҳлат қатъ кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Далели қатъи ваколатҳои Холиқзода таъйинаш ба мақоми нав бо фармони раисиҷумҳур арзёбӣ шуд. Бо қарори парлумон Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод гардид.

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Аз тағйироти кадрӣ то илова ба кодексу қонунҳо: ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси намояндагон фармони раисиҷумҳур барои таъйини Холиқзода ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло,  27-уми июли соли 1973 дар ноҳияи Колхозобод (айни ҳол Ҷалолиддини Балхӣ) таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунӣ хатм намудааст.

Холиқзода қаблан дар мақомҳои гуногун дар “Амонатбонк” кор кардааст. Корро  соли 1998 аз вазифаҳои хазинадору  муҳосиб сар карда, соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии “Амонатбонк” ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории раёсати “Амонатбонк” таъйин гардида буд.

Солҳои 2015- 2020 вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамчун узви қумитаи Мвҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ оила ва ҳифзи саломатӣ фаъолият намудааст.

Лентаи хабарҳо
0