Зиёни кори якҷояи хешон дар курсиҳои роҳбарӣ: суҳбати ошкорои раиси Бонки миллӣ ва 4 мисол

© Пресс-служба президента РТНурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон кори якҷояи хештаборҳоро дар мақомҳои роҳбарӣ зараровар хонда, вазъи мушкили “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк”-ро далел овард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Нурмаҳмадзода моддаи нав ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”-ро муаррифӣ кард, ки кори якҷояи хешовандон дар мақомҳои роҳбарии бонкро мамнӯъ мекунад.

Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк” дар бораи имтиёзҳо ба қарздорон ва хатарҳои бонкӣ – мусоҳиба

“Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор, аз ҷумла, “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк” ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад”, - таъкид кард раиси Бонки миллӣ.

Раиси Бонки Миллӣ таъкид кард, ки бар асоси моддаи нав дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ доранд, инчунин, дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ дошта, кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда шудааст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Нурмаҳмадзода, афзудааст, ки тағйирот ба қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ, ба рушди низоми бонкӣ, баланд бардош­тани боварии аҳолӣ, зиёд намудани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0