Борон ва 34 дараҷа гармӣ: пешгӯйии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

© SputnikКак душанбинцы спасаются от жары у фонтанов
Как душанбинцы спасаются от жары у фонтанов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаво дар ҷумҳуриро камабру тағйирёбанда гуфта, боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Агенти обуҳавошиносӣ.

Улица города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ ва ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад.

Пешгӯйии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон: борони кӯтоҳмуддат меборад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0