ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Азиз Одиназода, собиқ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун таъин шудааст.
Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони ӯ аз сӯи вазир Ҷамолиддин Абдуллозода содир шудааст.
Одиназода Азиз Абдусаттор, номзади илмҳои тиб, 5 майи соли 1962 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1986) бо ихтисоси духтури кӯдакона мебошад. Дар шифохонаҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод (1986 – 1989) ба ҳайси ҷарроҳ кор кардааст.
Дар Маркази вилоятии хунии шаҳри Кӯлоб муддате мудири шӯъба (1989 – 1993) ва сипас директор (1993 – 2006) будааст.
Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд
Аз соли 2004 то 2011 дар вазифаҳои муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, директори Маркази хуни вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи марказии вазорати тандурустии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, мушовири вазири тандурустӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ кор кардааст.
Солҳои 2011 - 2017 директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва аз 23 январи соли 2017 муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд.
15 июни соли равон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ӯ ва дигар муовинони вазири тандурустӣ - Саида Умарзода (муовини якум) ва Мирҳамуддин Камолзода, ки ҳамагӣ моҳҳои январу феврали соли 2017 таъйин шуда буданд, аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Ин тағйироти кадрӣ дар пайи буҳрони "вируси корона" ва дар авҷи он – 5 майи соли равон барканор шудани Насимҷон Олимзода аз симати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сурат мегирад.
Ҳарчанд вазири собиқ ба далели ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш шудааст, то ба ҳол таъиноти нави ӯ маълум нест.
Чанде қабл ин овоза дар расонаҳо пахш шуд, ки мавсуф директори Маркази миллии тиббии "Шифобахш", маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло таъин шудааст. Аммо ин овоза ба зудӣ рад шуд. Аз ин ҷамъ алъон Азиз Одиназода танҳо нафарест, ки ҳадди ақал ба вазифаи қаблии худ бармегардад.