Маош то 60 ҳазор: вилояти Маскав омода аст муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин кунад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты работающие на стройках. Архивное фото
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ба қувваи кории муҳоҷирон ниёз доранд. Чунин дархост аз Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июн – Sputnik. Бо бекор гаштани маҳдудиятҳои марбут ба ҳамагирии COVID - 19 дар аксар минтақахои Федератсияи Русия имкониятҳо ҷиҳати фаъолияти корӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони меҳнатӣ васетар гардид. 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ЧТ дар ФР оид ба муҳоҷират ин мусоидат дар бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони тоҷик дар кишвари иқомат ба ҳисоб меравад. Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ пайваста бо корфармоёни потенсиалӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори манотиқи гуногуни ФР вохӯрию мулоқотҳо оид ба ҷойҳои кори муносиб таъмин намудани ҳамватанон доир карда мешавад.

Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон
Путин гирифтани шаҳрвандиро осонтар кард

Чунин як вохӯрӣ 24 июн дар дафтари Намояндагӣ бо рохбари яке аз ширкатхои сохтмони баргузор карда шуд. Зимни мулоқот масъалаи таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор дар ширкати мазкур баррасӣ шудааст, хабар медиҳад Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.

Зимни сӯҳбат роҳбари корхона изҳор намуда, ки ширкати онҳо ба сифати пудратчӣ сохтмони як қатор иншоотро дар шаҳр ва вилояти Москва ба ӯҳда гирифтааст ва айнизамон ба 100 коргар эҳтиёҷ дорад.

Мувофиқи иттилои корфармо айнизамон дар сохтмони иншоот, воқеъ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав 50 нафар хиштчин ва дар сохтмони иншоот дар ноҳияи Филии шаҳри Маскав  50 нафар мутахассису коргари оддӣ лозиманд.

"Корхона омодааст, музди меҳнати мутахассисонро то 60 ҳазор рубл ва соати кории коргарони оддиро аз 200 то 250 рублӣ пардохт намояд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид кардааст, ки коргарон дар асоси талаботҳои Кодекси меҳнати ФР ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Доштани патент ва қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия) ҳатмист. Кормандон бо ҷои хоб бо шароити хуби маъишӣ ройгон таъмин карда мешаванд.

Ҳамватаноне, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав иқомат менамоянд ва хоҳиши дар сохтмон кор кардан доранд, метавонанд бо рақамҳое, ки дар торномаи Намояндагӣ дарҷ гардидаанд, муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0