Таҷаммӯи ҳудуди 500 шаҳрванди Русия дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПункт пропуска на границе, архивное фото
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин шаҳрвандони Русия аз мақомоти ду кишвар дархости эҷоди каридори сабз ва судури иҷозатномаи убур доранд то онҳо битавонанд ба Русия баргарданд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтазири бозшудани гузаргоҳи марзӣ барои базгашт ба кишварашон ҳастанд, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд
Гуфта мешавад, ин афрод аз 15 уми июн бо худравҳои худ дар гузаргоҳи марзии Упек воқеъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҷамуъ карданд.

То 24 июн, ҳудуди 140 дастгоҳи худрав бо 500 сарнишин дар пойгоҳи марзӣ таҷамуъ карда буданд.

Таҷамуъ кунандагон аз мақомоти ду кишвар дархости эҷоди каридорисабз ва судури иҷозатномаи убур доранд то онҳо битавонанд ба Русия баргарданд.

Ин дар ҳоле аст ,ки дамои 45 дараҷаии дамо ба мушкилоти афроди таҷамуъкарда дар марз афзудааст. Таи як моҳи гузашта Русия чандин парвози вижа барои интиқоли шаҳрвандони худ аз Тоҷикистон роҳандозӣ кард , аммо нархи билети он 400 Евра эълон шуд ,ки бисёре аз шаҳрвандон тавонои пардохти ин маблағро надоранд.

Русия парвозҳои байналмилалиро барқарор мекунад

Лентаи хабарҳо
0