Обуҳавошиносон: гармӣ дар пойтахт то 37 дараҷа мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 20+22 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Улица города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва  рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудаастҲаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар мебошад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0