Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад: писари 15-сола ва духтари 17-сола хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 июн – Sputnik. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ва кормандони бахши он дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дирӯз баъд аз зуҳр ҷасади ноболиғи ғарқшуда дар обандори НБО Норакро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қасди худкушии зани 43 - сола дар Душанбе: хост худро аз болои пули роҳи оҳан ҳаво диҳад

Ин ноболиғ, ки сокини деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара будааст, рӯзи 24-уми июн ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасад рӯзи 25-уми июн бенатиҷа наҷом гирифт ва танҳо дирӯз баъди кофтукови зиёд ғаввосони Раёсати КҲФ дар Хатлон ӯро пайдо карданд.

Ғарқшавии ҷавони 17-сола дар Душанбе: ҷасадаш аз шафати "Яккасарой" пайдо шуд

Ҳамчунин Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки  тибқи маълумоти сардори Шуъбаи Раёсат дар шаҳри Панҷекат рӯзи 26-уми юни соли равон, соати 19:05 дақиқа дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар мавзеъи пойгоҳи обкашии Зарафшон наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ  ҷасади як духтари ҷавонро пайдо кардаанд.

"Маълум гардида, ки номбурда 17 сол дошта, сокини деҳаи Қуноқи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷекат будааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷасад ба волидони духтар супурда шуд.

КҲФ мегӯяд бино ба иттилои пайвандон ин духтар субҳи рӯзи 24 июн аз хона берун шуда ва аз беэҳтиётӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0