Баҳрӣ Баҳриев: дар пайи пандемия дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ боло меравад

© SputnikКандидат политических наук из Таджикистана Бахри Бахриев
Кандидат политических наук из Таджикистана Бахри Бахриев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршинос Баҳрӣ Баҳриев мегӯяд, дар Тоҷикистон дар пайи коҳиши иқтисод дар натиҷаи пандемияи коронавирус сатҳи камбизоатӣ боло меравад

"Натиҷаи коҳиши иқтисод дар Тоҷикистон бекорӣ ва боло рафтани сатҳи камбизотӣ хоҳад шуд", - таъкид намудааст коршинос.

Бахриев о последствиях коронавируса для экономики Таджикистана

Вай афзудааст, ки вақтҳои ахир Тоҷикистон дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба натиҷаҳои назаррас расида буд. Аммо пандемия ин кӯшишҳои кишварро барбод медиҳад.

"Хатари қарзи берунаи Тоҷикистон ҳам боло меравад, фишор ба қисми иҷтимоии буҷаи давлатӣ зиёд мешавад. Норасоии буҷа то рафт бештар мешавад ва барои рӯпӯш кардани он аз ташкилотҳои молии байналмилалӣ ва давлатҳои гуногун қарз мегиранд ", - изҳор дошт вай.

 

Тоҷикистон дар назди худ чор мақсади муҳим гузоштааст, аммо ба гуфтаи Баҳриев, то соли 2030 иҷрои муҳимтарини онҳо зери суол аст.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 5 миллион доллар расид

"Расидан ба чор ҳадафи муҳим, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти хӯрока ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳамчунин як ҳадафи дигаре, ки президент қайд кардааст - тезонидани саноатикунонии кишвар то муҳлати муайян мавқуф гузошта мешавад", - таъкид мекунад сиёсатшинос.

 Аммо, меафзояд Баҳриев, кишвар дар соҳаи саноат ва нерӯ дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба дастовардҳои муайян ноил хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0