ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Муноқишаи як сокини 32 - солаи пойтахт бо ҷавони 25 - сола аз вилояти Хатлон ба марги охирон анҷомид.
Котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, ки як шаҳрванди 25 - сола дар канали дереватсионии НОБ-и Варзоб ғарқ шудааст.
Манбаъ меафзояд, номбурда сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, дар муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32 - солаи пойтахт аз ҳуш рафтаву ба канал сарнагун шудааст.
Зимнан, наҷотбахшони кумитаи мазкур пас аз дарёфт намудани ин хабар ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо натиҷаи корҳои кофтукобӣ то соати 19:40 дақиқаи рӯзи 24 - уми июн бенатиҷа анҷом ёфт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷасад имрӯз боз идома дорад.