Бештар Mercedes ва Opel: воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон 1,5 маротиба коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили сервиса московского каршеринга
Автомобили сервиса московского каршеринга - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, воридот ва содироти воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Аз аввали соли равон, дар Тоҷикистон воридот ва содироти воситаҳои нақлиёт ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Хабаргузории “Авеста” бо истинод ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расман барои интиқоли шаҳрвандон аз Русия иҷозат гирифт

Тибқи иттилои оҷонсӣ, ҳаҷми умумии воридот дар панҷ моҳи аввали соли 2020 ба 89 миллион доллар расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондод 53,3 миллион доллар ё 37,5% нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти қобилияти харидории аҳолӣ, моделҳои нисбатан арзон ба Тоҷикистон асосан ворид карда мешаванд, гуфтааст Хадамот

Аз ҷумла, мошинҳои мусофирбар аз кишварҳои назди Балтика ва Аврупо ворид карда мешаванд, ки маъмултаринашон Mercedes ва Opel мебошанд.

Мошинҳои боркаш асосан аз Чин оварда мешаванд.

Хадамоти гумрук илова намудааст, ки аз моҳи январ то май содироти воситаҳои нақлиёт ба 2,1 миллион доллар расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 ҳазор доллар (ё 12,9%) камтар аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз аввали соли 2020, дар бозори Тоҷикистон мошинҳои арзишашон 22,2 миллион доллар фурӯхта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0