Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ

© Sputnik / Амир ИсаевГорная дорога в Таджикистане
Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ хабар дод, ки баъди зуҳри 24 июн рух додаст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ба иттилои ВУД, санаи 24-уми июни соли 2020, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Суҷоатов Иноят аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд

Ронанда Суҷоатов, сокини 59-солаи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат  дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар ҳудуди деҳаи 40-солагии Дилварзин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ чаппа шудааст. 

“Мунираро пушти чанбар хоб бурду Мерседес бо 4 нафар сарозер шуд”: видеои садамаи маргбор

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Охунова Хайриниссо Бобомергановна, соли таваллудаш 1978, сокини ҳамин ноҳия ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттиллоияи ВУД.

Вазорати умури доохилии Тоҷикистон таъкид кард, ки феълан аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0