“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

© Иззат ЛатифРынок в Душанбе "Корвон"
Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати шаҳри Душанбе овозаҳои дигарбора баста шудани бозори “Корвон” ва дигар марокизи хизматрасонӣ дар пойтахтро рад кард, аммо гуфт, ҳар тасмим вобаста ба вазъият гирифта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир мавзӯъи бастани бозори “Корвон ва дигар бозору марокизи хизматрасонии пойтахт дар дастури кори маъмурияти шаҳр нест.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ

“Бино ба вазъе, ки имрӯз ҳаст, зарурати бастани онҳо аслан вуҷуд надорад. Иттилое, ки аз мақомоти тандурустӣ ба мо мерасад, нишон медиҳад, ки вазъи сиҳӣ дар пойтахт рӯ ба беҳбудӣ оварда, теъдоди маризон дар шифохонаҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст ва мардум метавонанд озодона, аммо бо риояи ҷиддии қоидаҳои гигиенӣ ба кору фаъолияти худ машғул бошанд. Аммо дар ҳоли ҷиддӣ тағйир кардани вазъ, мақомоти шаҳр тасмими заруриро хоҳад гирифт, зеро саломатии мардум муҳимтар аз ҳама чиз аст”, - гуфт Абдумаҷид Ҳакимзода.

Овоза ва гуфтугузорҳо дар бораи баста шудани бозори “Корвон” ва дигар нуқоти серодами шаҳри Душанбе чанд рӯз ба ин сӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва кӯчаву бозор сайр мекунад. Бино ба онҳо, теъдоди гирифторони маризии “вируси корона” дигарбора рӯ ба афзоиш оварда, аз 1 июл дигарбора бозору марокизи серодами шаҳр баста хоҳанд шуд.

Лидер преступной групировки Курбонов Муким - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ "Муқимча" ва гуруҳашро ба 125 соли зиндон маҳкум кард-видео

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” ҳанӯз 30 апрел дар ҳамаи бозорҳои колофурӯшӣ то 10 май рӯзҳои санитарӣ эълон карда, фаъолияти онҳоро пурра қатъ намуда буд.

Рӯзи 11 май ин муҳлат тамдид шуд. Дар ин миён марокизи хизматрасонии пойтахт баста ва ҳаракати нақлиёти шаҳри низ маҳдуд шуд. Тибқи иттилои ҳукумати шаҳри Душанбе, 12 бозори фурӯши матоъу телефон, 661 нуқтаҳои хизматрасонӣ (12 818 нафар) ва мизоҷони онҳо дар як рӯз (73 786 нафар), кормандону ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ (823 нафар) аз фаъолият бозмонданд. Бино ба қарори Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона”, тамоми бозору марокизи хизматрасонӣ дар кишвар, қабл аз ҳама Душанбе, аз 15 июл дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз карданд.

Лентаи хабарҳо
0