https://sputnik.tj/20200625/Kharobkorihoi-bodi-shadid-dar-Varzobu-Darvoz-bolopushi-khona-va-maktabro-kharob-kard-1031471752.html
Харобкориҳои боди шадид дар Варзобу Дарвоз: болопӯши хона ва мактабро хароб кард - навор
Харобкориҳои боди шадид дар Варзобу Дарвоз: болопӯши хона ва мактабро хароб кард - навор
Sputnik Тоҷикистон
Боди шадид, ки дирӯз дар Тоҷикистон вазид, Муассисаи таълимии мактаби миёна дар ноҳияи Варзобро бе болопӯш гузошт 25.06.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-06-25T12:31+0500
2020-06-25T12:31+0500
2020-06-25T12:31+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/80/1028738026_0:4:1000:567_1920x0_80_0_0_8a4d65446c5ef215bd9b56731000574f.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/80/1028738026_120:0:880:570_1920x0_80_0_0_dc0578e0d2d7ef85b73f2cde7aba8590.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Харобкориҳои боди шадид дар Варзобу Дарвоз: болопӯши хона ва мактабро хароб кард - навор
Боди шадид, ки дирӯз дар Тоҷикистон вазид, Муассисаи таълимии мактаби миёна дар ноҳияи Варзобро бе болопӯш гузошт
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи 24 - уми июн шамоли сахт вазид ва ба сокинони пойтахту навоҳӣ андак хисорот ба бор овард.
Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, боди шадид болопӯши хонаи як сокини деҳаи Умараки ноҳияи Дарвозро хароб кардааст.
Манбаъ меафзояд, хушбахтона дар ин ҳодиса ягон кас талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ надид.
Шамоли сахт дар Хуҷанд даҳҳо дарахтро решакан ва хатҳои барқиро хароб кард
Зимнан, тибқи маълумоти сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ноҳияи Варзоб дар деҳаи Чорводори ноҳия шамоли сахт болопӯши Муассисаи таълимии мактаби миёнаи №61-ро пурра хароб намуд.
Феълан барои бартараф намудани оқибати ин ҳодисаи табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад.
"Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", таъкид мешавад дар хабар.
Сокинони Душанберо низ вазиши шамоли сахт дар ҳолати ногувор гузошт. Зарнигор Соҳибназарова рӯзноманигори тоҷик дар сафҳаи фейсбукии худ лаҳзаи вазидани шамолро нашр намудаст.
Сабти навор аз бинои "Шарқи озод" сурат гирифт ва дар навор маълум аст, ки шамол чанд танука аз болопӯши ин биноро низ хароб намудаст.