Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в защитных масках на улице Душанбе
Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи оморе, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, имрӯз ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар кишвар назар ба се рӯзи пеш то 11 ҳолат зиёдтар шудааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00-и 24 июн ба 5630 нафар расид,гузориш медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Ин шумора, 23 июн, ба 54 ҳолат (9 ҳолат кам), 22 юн - 54, 21 июн 52 ҳолат (11 ҳолат кам) ва 20 июн 56 ҳолат (7 ҳолат кам) баробар буд.

Ба иттилои манбаъ, то  имрӯз дар мамлакат 4194 (74.5%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 85 нафар шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — афзудааст манбаъ.

Даргузашти ҷавонзани 46 - солаи тоҷик дар Екатеринбург: маризи коронавирус буд

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0