Саёҳат дар Тоҷикистон тариқи интернет: тарҳи нав дар кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сомонаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ «Facebook», «Twitter», «Instagram», «В Контакте» ва «Одноклассники» саҳифаи расмӣ дорад ва тариқи сомонаҳо сайрҳои маҷозиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитоӣ гузаронида истодааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сайрҳои маҷозӣ ё худ экскурсияҳои вертуалии экспозитсияҳоро роҳандозӣ намудааст.

Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳо: аз ташкили саёҳати хориҷиён муваққатан худдорӣ кунед
Сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов зикр намуд, ин рӯзҳо ташрифи сайёҳону меҳмонон ба тамошои осорхона хело кам аст ва шахсоне, ки дар хонаҳои худ қарор доранд, метавонанд аз дунёи маҷозӣ истироҳати хуби фарҳангӣ баранд.

Ба зикри номбурда, Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сомонаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ «Facebook», «Twitter», «Instagram», «В Контакте» ва «Одноклассники» саҳифаи расмӣ дорад ва тариқи сомонаҳо сайрҳои маҷозиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитоӣ гузаронида истодааст.

Сайрҳои маҷозӣ аслан аз рӯи даврабандии таърихие, ки дар толорҳои экспозитсионии осорхона инъикос ёфтаанд, яъне аз даврони асри санг то замони муосир сурат мегирад.

Портрет снежного барса - Sputnik Тоҷикистон
Бабри барфӣ муаррифгари Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Олмон

Дар ин муддати сипаригардида аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 35 экскурсияи вертуалӣ бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ оид ба давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла «Асри санг», «Асри биринҷ», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Хазинаи Амударё», «Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён», «Давлатҳои Сосониён ва Ҳайтолиён» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» гузаронида шудааст.

Аз рӯи таҳлилҳо дар давоми як ҳафта аз шабакаи иҷтимоии «Facebook» то 4000 нафар шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ аз фазои маҷозӣ дидан намудаанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, аксарияти тамошобинони фазои маҷозӣ дар шарҳи наворҳо фикру андешаҳои худро иброз намуда, ин иқдоми наҷибро дар шароити кунунӣ хело зарур ва саривақтӣ меҳисобанд.

Роҳандозии сайрҳои маҷозӣ барои фаъолияти Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ва беназир буда, аз рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ дар мамлакат дарак медиҳад.

Марҳамат ба Хатлон: ҳамоиш ба муносибати рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар Бохтар

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯзҳо фаъолияташро хуб ба роҳ монда, барои боздидкунандагон хизматрасонии сатҳи олӣ ташкил намудааст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзур намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам боздидкунандагон аз санҷиши ҳароратсанҷ гузашта, дастони худро бо маҳлулҳои антисептикӣ шуста, сипас ба осорхона ворид мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0