Роҳбари Тоҷикистон шоми дирӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи Кремлин омад то Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намояд.
Пеш аз гузашти низомӣ дар Майдони Сурх Эмомалӣ Раҳмон шахсан аз куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол кард.
Дар навҷор дида мешавад, ки роҳбари Тоҷикистон ба думболи Путин вориди майдон мешавад ва аз куҳансарбозони нишаста истиқбол мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон назди ҳар як куҳансарбоз рафта дасти онҳоро фишор медиҳад. Дар навор дида мешавад, ки ӯ ҳатто бо баъзе аз куҳансарбозон гуфтугӯ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.
Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.