Путин ва Мирзиёев пеш аз парад мулоқот карданд

© пресс-служба президента УзбекистанаПереговоры Путина и Мирзиёева перед парадом Победы
Переговоры Путина и Мирзиёева перед парадом Победы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар паради Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав омад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар паради ҳарбӣ бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав омад, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон.

Зимни ин сафар президенти Русия Владимир Путин ҳамтои ӯзбекашро ба ҳузур пазируфт. 

Кишвардори Русия президенти Ӯзбекистонро ба ин кишвар хушомадед гуфту, ширкати низомиёни узбекро дар гузашти ҳарбӣ нишонаи муносиботи вижаи шариконаи ду кишвар маънидод кард.

"Президенти Русия ҳамчунин саҳми беандозаи Ӯзбекистонро дар ба даст овардани Пирӯзӣ қайд карда, меҳнати ашхоси дар ақибгоҳ буда ва махсусан меҳмоннавозии мардуми узбекро нисбати русҳои кӯчонидашуда, таъкид кард. Путин ташкили Боғи Пирӯзӣ дар Тошканд махсусан зикр шуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар навбати худ Шавкат Мирзиёев аз Владимир Путин барои даъват ба парад изҳори сипос кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Маскав: кай ва бо кӣ меравад?

Дар баробари ин сарони ду кишвар масъалаи муносиботи дуҷонибаи Русия ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

"Ба таъсири манфии  бӯҳрони охири ҷаҳони нигоҳ накарда, мубодилаи молу коло дар ҳоли рушд аст. Ҳамин тавр соли гузашта ин нишондод ба 6,6 миллиард доллар баробар шуда буд. Дар давоми моҳҳои аввали соли равон мубодилаи молу коло миёни ду кишвар 2 миллиард долларро ташкил дод", - хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон.

Қайд мешавад, ки Русия ба иқтисоди Ӯзбекистон ба андозаи 10 миллион доллар саҳмгузорӣ кардааст.

Путин ва Мирзиёев ҳамчунин дар масоили муносиботи байналмилаллӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд. Манбаъ афзуда, ки сарони ду кишвар реҷаи дидорҳои ояндаро дар сатҳи олӣ дар доираи ҷаласаи кишварҳои ИДМ ва СҲШ мувофиқа кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0