ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков саросемавор тарки Маскав карданд, хабар дод котиби ӯ Тулғуной Стамалиева.
Тавре маълум гардид, ҳайати кишвар баъди маълум шудани он, ки аъзои он гирифтори коронавирус будаанд, тарки Русия намуданд.
Стамалиева қайд кардааст, ки Жээнбееков пеш аз баргаштан бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.
Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта раисҷумҳури ҚИрғизистон бо сафари расмӣ барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Пирӯзӣ озими Русия шуд.
Мувофиқи низомнома пас аз расидани ҳайати кишвар аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои он муайян карданд, ки ду узви ҳайати Қирғизистон мабталои КОВИД-19 будаанд.
Путин бо Раҳмон, Тоқаев ва Мирзиёев мулоқот кард
Бо ҳамин далел Жээнбеков маҷбур шуд аз иштирок дар чорабинӣ даст кашад.
Дафтари матбуотии президент афзудааст, ки акнун Жээнбеков дар карантин мемонад.