Мақомоти Русия боз 218 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон ба кишвараш бозгардонд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия бахши дигаре аз шаҳрвандони бандмондаи худро дар Тоҷикистон ба далели вируси коронаро ба кишвараш бозгардонд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Русия боз як бахши дигаре аз шаҳрвандонашро  аз Тоҷикистон ба кишвараш бозгардонд.

Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов  - Sputnik Тоҷикистон
Сатторов гуфт чӣ тавр дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак мерасонанд

Бино бар иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, шомгоҳи сешанбе як ҳавопаймои ширкати Ural Airlines  218 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Русияро интиқол дод.

Ин парвоз дар масирҳои Душанбе-Новорсибирск ва Екатеринбург анҷом шуд.

115 нафар аз ин афрод аз Душанбе ба мақсади Новорсибирск ва 103 нафар низ ба Екатеринбург парвоз карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки бо густариши вируси корона вуҷуд дорад Русия аз таърихи 27 марти 2020 хадамоти байналмиллалии ҳавоии худро комилан таътил кардааст.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фақат метавонанд парвозҳои вижаеро барои бозгашти шаҳрвандони бандмонда бар асари корона ба хонаҳояшон анҷом диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0