Мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор кард.
Гузашти низомӣ яке аз рукнҳои асосии таҷлили Рӯзи Ғалаба маҳсуб ёфта, ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Санаи 24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд.
Мисли анъана дар анҷоми гузашти низомӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дар ин маросими солона ширкат карда, сӯҳбату табрикоти худро ба кулли мардум ва куҳансарбозон расонд.
Бояд қайд кард, ки як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти низоми бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, иштирок доранд.
Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд.
Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.
Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.






















