ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Мақомоти Эстония ба тавсияҳои сохторҳои гуногуни Аврупо гӯш накарданд ва мавқеи худро нисбат ба Sputnik Эстония, ки маҷбур шуд фаъолияташро ҳадди аққал маҳдуд кунад, иваз накарданд. Дар ин бора роҳбари нашрия Елена Черишева ба иштирокчиёни ҷаласаи онлайни САҲА оид ба ҳуқуқи инсон хабар дод.
Журналист қайд кард, ки дар Эстония принсипҳои озодии сухан вайрон карда шудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Черишева, мақомоти Эстония шаклҳо ва воситаҳои гуногуни фишорро ба шӯрои таҳририяи Sputnik Эстония ошкоро истифода мебаранд. Дар охири соли 2019, Департаменти полис ва сарҳадбонони ҷумҳурӣ ба ҳамаи кормандони нашрия ҳама мактубҳои шартгузориро фиристоданд: агар журналистон ҳамкорӣ бо оҷонсии Русияро қатъ накунанд, онҳо мувофиқи моддаи “Иҷро накардани таҳримҳои аврупоӣ” ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Онҳо, ин амалро дар маҷудияти таҳримҳо нисбати директори генералии АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв мебинанд. Гузашта аз ин, худи агентӣ дар ягон рӯйхати таҳримот номбар нашудааст.
Аммо, бинобар таҳдидҳое, ки аз 1 январи соли 2020 ба вуҷуд меоянд, вебсайти нашрия дар ҳолати фавқулодда кор мекард ва кормандони редакция маҷбур шуданд, ки шартномаҳоро бо Sputnik Эстония қатъ кунанд.
Елена Черишева гуфт: "Ин аз ҳама ҷолибтарин мубориза алайҳи ВАО аст, ки полиси Эстония метавонистаст таҳрим ва муҷозоти шахсиро нисбати расонаҳои давлатии Русия паҳн кунанд".
Елена Черышева инчунин ёдовар шуд, ки дар охири моҳи декабри соли гузашта дар баробари рӯйдодҳои марбут ба хабарнигорони Sputnik сарвазири Эстония Ҷурӣ Ратас демократияи Эстонияро барои тамоми ҷаҳон намуна номид.
“Тавре ки ман фаҳмидам, вай таҳдид ба рӯзноманигорон аз ҷониби полисро демократия мешуморад. Ва таъқиби рӯирост бар зидди расонаҳои номатлуб озодии сухан дар Эстония аст”, - таъкид кард Черишева дар суханронии худ дар конфронси САҲА.
Ёдовар мешавем, намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Арлем Десир, аввалан бо мавқеи Эстония комилан зид аст. Моҳи декабри соли 2019, Десир ба мақомоти Эстония муроҷиат кард, ки аз фишор ба Sputnik Эстония худдорӣ кунанд, маҳдудиятҳои таҳририяро кори нолозим номид. "Ин метавонад ба ҷараёни озоди иттилоот таъсири манфӣ расонад",- Десир дар саҳифаи Твиттераш навиштааст.
"Афсӯс, ки шуморо нашуниданд", Елена Черышева дар охири суханронии худ ба Арлем Десир муроҷиат кард.
Ҷаласаи ҳуқуқи инсонии САҲА (HDIM) конфронси калонтарини солона дар Аврупо мебошад, ки дар он ҳайатҳои 57 кишвари САҲА, намояндагони сохторҳои САҲА, инчунин аъзои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Маърӯзачиёни конфронс озодии матбуот, демократия ва амнияти рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳонро муҳокима мекунанд. Пас аз анҷоми ҷаласа, ширкаткунандагон барои ҳалли масъалаҳои мубрам тавсияҳо медиҳанд.
Ҷаласаи имсола таҳти роҳбарии Албания дар формати онлайн дар робита бо пандемия аз коронавирус баргузор мешавад.