ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муттаҳам дар пайи шикояти , як сокини 60-солаи пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
22 июни 2020, 15:00
Ин мард изҳор доштааст, ки нимаи рӯзи 21 июни соли равон, шахсони номаълум ба манзили ӯ ворид шуда, 7,5 ҳазор сомониро дуздидаанд.
Вазорат мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ин ҷиноят як сокини 56-солаи шаҳри Душанбе, зани пешини ҷабрдида дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.