ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Avesta, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом доштааст, ки ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи 598 миллиону 400 ҳазор доллар содирот ва як миллиарду 273 миллиону 500 ҳазор доллар воридот доштааст.
Маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра асосан ба Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот шудааст.
Тоҷикистон бештар алюминийи аввалия, маводи хоми маъданӣ, филизҳои гаронбаҳо, меваҳои хушк ва нахи пахта ба кишварҳои хориҷӣ содир кардааст.
Дар панҷ моҳи соли равон содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Швейтсария ба беш аз 303 миллион доллар расидааст.
Дар ин муддат Русия бо беш аз 420 миллион доллар мубодилоти тиҷорӣ бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Ҳамчунин дар ин муддат мизони воридоти Тоҷикистон аз Русия 31,9 дарсад, Қазоқистон 24,7 дарсад ва Чин 13,7 дарсадро ташкил кардааст.