ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи маргбор санаи 20-уми июни соли равон дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Бухориев Аскарҷон Абдуалимович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, дар ҳолати масти қарор дошта, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти маркази шаҳраки Фархор, дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ, Ғозиев Фарух Оятуллоевич, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро пахш намудааст.
Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд
“Дар натиҷа ноболиғ, Бухориев А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - зикр намудааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.