Путин ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар мегузорад

Обуна шудан
Владимир Путин бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум гулчанбар мегузорад. Ин маросими зеборо аз Sputnik Тоҷикистон мустақиман тамошо кунед

Владимир Путин барои пос доштани хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум гулчанбар гузошт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Маскав: кай ва бо кӣ меравад?

Рӯзи 22 июн дар таърихи Русия яке аз рӯзҳои ғамгинтарин - Рӯзи ёдбуд - Рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

Ин рӯз хотираҳои сарбозони ҷасури дар ҷанг фавтидаро зинда мекунад. Мо ёди ҳамаи онҳоеро, ки ҷони худро баҳри наҷоти мо дареғ надоштанду аз даст доданд, пос медорем.

Субҳи 22 июн бе эъломи ҷанг Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ки 1418 шабу рӯз идома карда, ҷони 27 миллион ватандӯстони ИҶШС - ро гирифт.

Имсол гузашти низомӣ ба хотири Рӯзи Пирӯзӣ дар бастагӣ ба ҳамагирии коронавирус 24 июн баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0