ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, то 22 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9 миллион шуда, беш аз 470 ҳазор мубталои COVID-19 вафот кардаанд.
Тибқи гузориши СҶБ, давоми шабонарӯзи гузашта 130 382 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 338 сироятшуда фавтидаанд.
"Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 046 080 буда, теъдоди фавтидагон 470 703 мебошад", - омадааст дар гузориш.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 356 657 нафар), Бразилия (1 086 990), Русия (584 680), Ҳиндустон (426 910), Бритониёи Кабир (304 331), Испания (293 352), Перу (254 936), Чили (242 355), Италия (238 499) ва Эрон (204 952) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро ҳамагирӣ эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Истифодаи ду дору барои беморони вируси корона марговар аст
Дар Тоҷикистон нахустин ҳолати сироятёбӣ 30 апрел ба қайд гирифта шуд. То имрӯз дар кишвар 5457 гирифтори COVID-19 сабт шудаанд.