ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, дар 5 моҳи соли равон аз ҷониби 6 корхонаи соҳаи саноати ангишт, зиёда аз 525,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 3289,8 тонна зиёд мебошад.
“Дар моҳи майи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи саноати ангишт, рӯзҳои мусоиди боду ҳаворо самаранок истифода намуда нақшаи истеҳсолиро 112,0 дарсад иҷро намуда нисбат ба моҳи майи соли 2019 ба миқдори 18199,2 тонна ангишт зиёд истихроҷ намуданд”, - таъкид дошт манбаъ.
Гуфта шудааст, ки аз миқдори ангишти истихроҷгардида барои таъмини аҳолӣ – 162,0 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷетӣ -1,3 ҳазор тонна, корхонаҳои саноативу-энергетикӣ -311,2 ҳазор тонна дар маҷмӯъ 476,5 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда шуд. Дар ин давра содироти ангишт бо назардошти вазъияти баамаломада – 1,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа 503,4 ҳазор тонна ангишт барои ба истифодабарандагон интиқол додан захира карда шудааст.
Дар ин давра махсусан фаъолияти корхонаҳои КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” дар қитъаи “Карьерный” ва ҶСК “Комбинати металлургии Тоҷик” дар қитъаи “Равот”-и кони ангишти Фон-Яғноб ва ҶСК “Ангишт” дар кони ангишти “Шӯроб”-и шаҳри Исфара самаранок буда нақшаи истеҳсоли ангиштро дар панҷ моҳ аз 100,6 то 115,0 дарсад иҷро намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта корхонаҳои соҳаи саноати ангишт бо истифода аз тамоми имкониятиҳои мавҷуда барои таъмини тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо ангишти хушсифат ва нисбатан арзон пайваста чораҷуи намуда истодаанд.