Субҳонзода: нақша аст, ки ҳафтае 6 парвоз байни Душанбе ва Париж анҷом шавад

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи охир созишнома бо Ҳукумати Фаронса дар бораи алоқаи ҳавоиро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Фаронса 27-умин давлат аст, ки Тоҷикистон бо он созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ баст, иттилоъ дод Икром Субҳонзода, мудири Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон, зимни муаррифӣ дар парлумон.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

Ӯ таъкид намуд, ки баимзорасонии созишнома барои оғози муносибатҳои тарафайн дар самти алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи  гражданӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба нақша гирифта шудааст, ки ҳафтае 6 парвози байни шаҳрҳои Душанбе ва Париж амалӣ карда шавад, хабар дод нашрияи "Садои мардум". Замони дақиқи татбиқи ин нақшаҳо ироа нагардид.

“Созишнома ҳамкориро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо заминаи  мусоид хоҳад гузошт”, - изҳор дошт раиси Ожонси авиатсияи гражданӣ дар ҷаласаи ахири парлумон.

“Мунираро пушти чанбар хоб бурду Мерседес бо 4 нафар сарозер шуд”: видеои садамаи маргбор

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар додаст, ки татбиқи созишнома аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб накарда, дар сурати эътибор пайдо кардани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён намеояд.

Лентаи хабарҳо
0