ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Роҳбари ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров барои санҷиши коронавирус дар худ тест супоридааст.
Натиҷаҳои таҳлил нишон додааст, ки Қодиров гирифтори коронавирус нашудааст.
Ӯ дар саҳифааш дар ВКонтакте навиштааст, ки санҷишаш бемории сироятиро дар танаш ошкор накард: “Ин маънои онро дорад, ки ман гирифтори коронавирус нашудаам".
Қодиров илова намудааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дигар тобеинаш аз қабили хадамоти матбуот ва дигар маъмурияташ низ аз санҷиш гузаштаанд.
"Санҷишҳо нишон доданд, ки 80% онҳое, ки аз озмоишҳо гузаштаанд, аллакай коронавирус доранд", гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи май хабарҳо дар бораи ба коронавирус гирифтор шудани Қодиров нвшр шуд ва гуфта мешуд, ки ӯ дар яке аз бемористонҳои Маскав табобат мегирад.
Баъдтар ин иттилоот аз ҷониби Ситоди минтақавии мубориза бо COVID-19 ва худи Қодиров рад карда шуд.
Раиси парлумони Чеченистон Муҳаммад Довудов низ хабарҳои бемории роҳбари Чеченистонро бепоя хонда буд.
"Дар мавриди саломатии Рамазон Қодиров ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ паҳн мешаванд. Аммо ман ба кулли шаҳрвандони ин манотиқ муроҷиат карда мегӯям, ки Рамазон Аҳмадов сиҳат саломат аст ва ба ҷони ӯ хавфе таҳдид намекунад", - навиштааст раиси парлумон дар сафҳаи худ дар Instagram.