Гранти 5 миллион долларӣ барои нақлиёти Хуҷанд: вазир гуфт, чанд пул барои чӣ сарф мешавад

© © Пресс-служба председателя города ХуджандВ Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд 5 миллион доллар ҷудо мегардад

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 5 миллион доллари амрикоӣ гранти ҳукумати Швейтсария ҷалб мешавад.

Пистолет - Sputnik Тоҷикистон
27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

“Аз ҳисоби маб­лағи мазкур хариди 50 адад автобус, (2,75 млн. доллари амрикоӣ), азнавсозии Коргоҳи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти шаҳри Хуҷанд (1,44 млн. доллари амрикоӣ), хариди таҷҳизоти зарурӣ барои ин коргоҳ (617,0 ҳазор доллари амрикоӣ), хариди таҷҳизоти худкори пардохти роҳкиро (185,0 ҳазор доллари амрикоӣ), инчунин, ҷудо намудани 840,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии тарҳ ҳамчун кумаки техникӣ пешбинӣ гардидааст”, - изҳор дошт вазири молия.

Нашрияи “Садои мардум” аз қавли вазир афзудааст, ки дар асоси созишномаҳои қаблан тасдиқшудаи лоиҳа 100 адад автобус барои хизматрасонии нақлиётии шаҳри Хуҷанд ворид карда шуд, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Манбаъ таъкид кард, ки татбиқи пурраи лоиҳа то 31 декабри соли 2022 пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0