Ғорати 16 мошини гаронарзиш дар як шаб аз сӯи ду ҷавон дар Хуҷанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкКонцерн BMW представил новое поколение седана 3-й серии
Концерн BMW представил новое поколение седана 3-й серии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти пулиси шаҳри Хуҷанд аз боздошти ду нафар сокини Душанде хабар медиҳад, ки ба дуздӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik. Бино ба гузориши Аакбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, боздоштшудаҳо Ҷамолиддин Насирови 27 сола ва Азамат Рустамови 21 сокинони ноҳияи Синои пойтахт, инчунин як нафари дигар, ки дар пайгард қарор дорад, будаанд.

Рейд УМВД в столице - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ нафар зиёд гирифт: Парвандаи як ронандаи мусофиркаши "Спринтер" дар Душанбе

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 8 июн сар зада боздоштшудаҳо танҳо дар як шаб 16 нақлиёти сокинонро ғорат карда ба онҳо зарари молӣ расонидаанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи дуздон танҳо мошинҳои гаронарзиши тамғаи “Мерседес” , “БМВ” ва “Тайёта” қарор гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, ғоратгарон оинаи мошинҳои дар назди биноҳои истиқоматӣ гузошташударо шикаста, аз дохили он молу ашёҳои қиммат, аз қабили ноутбуку телефон ва пулро мерабудаанд.

Зарари расонида ба соҳибони нақлиётҳои ғоратшуда беш аз 80 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳолатҳои дуздӣ нисбат бу гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишот идома дорад

Лентаи хабарҳо
0